Имрӯз дар Муассисаи давлатии "Китобхонаи муосири Пойтахт"-и Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе маҳфили бошукӯҳи адабӣ таҳти унвони "Фурӯғи андеша дар осори Мавлоно" баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд.
Қабл аз оғози қисми расмии чорабинӣ, дар толори китобхона намоиши махсуси китобҳо доир гардида, осори гаронбаҳои Мавлоно ба маърази намоиш гузошта шуд.
Маҳфилро директори китобхона А. Ҷалолиддинзода ҳусни оғоз бахшида, оид ба шахсият, зиндагинома ва мероси бепоёни Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ суханронӣ кард. Дар суханронии хеш таъкид намуд, ки бо ташаббус ва ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи бузургдошти чеҳраҳои барҷастаи адабӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ ҳамасола чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ роҳандозӣ гардида, санаи 30-юми сентябр расман ҳамчун Рӯзи Мавлоно дар саросари кишвар таҷлил мешавад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз чеҳраҳои муқтадир ва бузургтарин дар адабиёти ҷаҳон буда, мероси гаронарзиши ӯ асрҳо боз дарёи фарҳанги башариро шодоб месозад. Асарҳои безаволи ин орифи шаҳир, аз ҷумла:
• "Маснавии Маънавӣ"
• "Девони Шамс"
• "Фиҳӣ мо фиҳӣ"
• "Мактубот"
• "Маҷолиси сабъа"
• "Рубоиёт"
ганҷинаи маънавии адабиёти моро боз ҳам ғанитар гардондаанд.
Дар идомаи чорабинӣ, омӯзгорон ва кормандони китобхона бо маърӯзаҳои муфассали худ суханронӣ карда, оид ба ҷанбаҳои фалсафӣ, ахлоқӣ ва тарбиявии осори адабии Мавлоно, бахусус китоби "Маснавии Маънавӣ", андешаронӣ намуданд.
Дар фарҷом хонандагони муассисаи таълимӣ шеърҳо қироат намуда, барномаи рангини фарҳангиро пешкаши иштирокчиён гардониданд.
