
Саҳифаҳои таърих
Муассисаи давлатии “Китобхонаи муосири “Пойтахт”-и Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ҳамчун муассисаи иттилоотӣ, тарбиявӣ ва фарҳангию маърифатӣ дар баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷомеа саҳми муносиб мегузорад. Муассиса бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз соли 2007 ба фаъолият шурӯъ намуда, бо такя ба дастуру супоришҳои раҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати хидматрасониҳои ихтисосӣ ба муштариён ва кулли категорияи хонандагон саъю талош меварзад.
- Шумораи умумии захираи фонди китобхона ба 21885 расид
- маводҳои электронӣ зиёда аз 66000 нусхаро дар бар мегирад.
- Дар муассиса 24 адад компютер мавҷуд буда, 6-тои он моноблокҳои замонавӣ доранд.