Душанбе–Ҷумъа: 08:00–17:00(992-372) 226-40-11шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, А. Дониш, 18

Баргузории маҳфили илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Забони тоҷикӣ — тоҷи забонҳо»

5 октябри 2026



​Имрӯз тибқи нақша-чорабиниҳои Муассисаи давлатии «Китобхонаи муосири Пойтахт»-и Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 маҳфили бошукӯҳи илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Забони тоҷикӣ — тоҷи забонҳо» баргузор гардид. 

​Дар чорабинии мазкур номзади илмҳои филология, омӯзгори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Раҷабзода Зулфониён, китобдорони Китобхонаи муосири пойтахт Зардакова М., Ҳусейнова М., Қурбонзода Ш., ҷонишини директори МТМУ №16 оид ба таълим Давлатшоева Назармо ва ҳайати омӯзгорону хонандагони муассиса иштирок доштанд.

​Маҳфил ба гиромидошт ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ҳамчун унсури асосии давлатсозии миллӣ ва рукни муҳими сиёсати давлатӣ бахшида шуд. Дар рафти чорабинӣ меҳмонон оид ба таърих, нуфуз ва мақоми ҷаҳонии забони тоҷикӣ суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, хонандагони муассиса шеъру маърӯзаҳои пурмуҳтавои худро пешкаши ҳозирин намуданд, ки ба чорабинӣ рӯҳияи хос бахшид.

Ҳамзамон барои ташвиқу тарғиби китобхонӣ дар як гушаи МТМУ №16-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи китобҳо ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

Ҷалолиддинзода А