Гузориш аз рафти соати адабӣ таҳти унвони ” Мафҳуми оила ва мавқеи он дар ташаккули ҷомеаи имрӯза ” бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Санаи 13- уми май бо ташаббуси МД ” Китобхонаи муосири Пойтахт – и Раёсати фарҳанги ш. Душанбе дар ҳамкорӣ бо омӯзгорони МТМУ рақами 31, кормандони МСШ рақами 5 н. Шоҳмансур бахшида ба “Рӯзи оила” соати адабӣ гузаронида шуд. Маҳфилро корманди китобхона Ҳусейнова Моҳзода ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки оилаи солим оилаест, ки он дар асоси меҳру муҳаббат ва якдигарфаҳмӣ ба вуҷуд омада бошад. Оиларо маърифати баланди аъзои он нигоҳ медорад ва ба як оилаи солим табдил медиҳад. Барои он ки насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ тарбия ёбанд, бояд ҷомеа, мактаб ва оила дар ҳамбастагӣ фаъолият намоянд. Инчунин омӯзгори МТМУ рақами 31 Ҳасанова Сония ба сухан баромада, қайд намуд, ки дар маркази ҳар як оила зан қарор дорад ва зани маърифатнок дар тарбияи фарзандон, нигоҳ доштани муҳити солими оила нақши калон мебозад ва беҳуда нагуфтаанд: ” кӯдак дар домони модар тарбият меёбад”.
