Душанбе–Ҷумъа: 08:00–17:00(992-372) 226-40-11шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, А. Дониш, 18

Озмуни «Китобхонаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид

15 июни 2026

Муассисаи давлатии “Китобхонаи муосири Пойтахт” – и Раёсати Фарҳанги ш. Душанбе дар Озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” аз номинатсияи “Китобхонаи беҳтарини оммавӣ” сазовори ҷойи аввал гардид. Аз номи роҳбарият ва кормандони китобхона ба ташкилкунандагони Озмун, махсусан ба Раиси шаҳри Душанбе Мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати доварон барои қадрдонӣ ва мукофот самимона изҳори сипос менамоем. Ин эътимоду қадрдонӣ ба мо илҳоми тоза бахшида, моро водор месозад, ки боз бештар бо масъулияти баланд фаъолият намуда, дар баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинии насли ҷавони ҷомеа саҳми худро гузорем.