Гузориш аз ҷараёни баргузории чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон Санаи 20. 05. 2026. МД “Китобхонаи муосири пойтахт” – и Раёсати фарҳанги ш. Душанбе бо иштироки омӯзгорону хонандагони МТМУ рақами 16 н. Шоҳмансур бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонон мизи мудаввар таҳти унвони ” Ҷавонон – нерӯи созанда ва муҳофизони давлату миллат гузаронида шуд. Чорабиниро муовини директор Иззатов Т. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки ҷавонон нерӯи бузурги созандаи давлат мебошанд, зеро шумораи бештари аҳолии кишварро ҷавонон ташкил мекунанд. Ҷавонон дорои афкори тозаву нав, қувваи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеъи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 – юми май Рӯзи ҷавонон эълон шудааст, ки нишонаи ғамхории ҳамешагии Президенти кишвар нисбати ҷавонон мебошад. Дар чорабинӣ инчунин Зардакова М. Ҳусейнова М., Қурбонзода Ш. ба сухан баромада иброз доштанд , ки ҷавонон бояд ҳамеша номбардори ватану миллат бошанд ва ба қадри ваҳдату сулҳу субот бирасанд.
