Душанбе–Ҷумъа: 08:00–17:00(992-372) 226-40-11шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, А. Дониш, 18

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ КАФОЛАТИ АМНУ СУБОТИ МОСТ (ба муносибати 29-солагии Ваҳдати миллӣ)

26 июни 2026

Мо дар пешорӯйи ду ҷашни бузурги миллию давлатӣ – 29-солагии Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ин ду ҷашни бузурги миллию давлатӣ моро дар арсаи минтақавию байналмилалӣ ҳамчун миллати сулҳдӯсту сулҳовар ва тамаддунсозу тамаддунофар муаррифӣ мекунанд. Ба ин маъно, мо ҳақ надорем, ки аз ин ду ҷашни бузургу бошукӯҳи миллию давлатӣ нанозему наболем. Ҳатман ки меболему менозем. Ин навъ боландагӣ барои миллат муборак бод!
Мо хуб медонем, ки Ваҳдати миллӣ ба унвони неъмати бебаҳои ҳамаи давру замонҳо барои пешрафти миллияту халқиятҳои гуногуни ҷаҳонӣ тайи таърихи зиндагӣ мусоидат кардааст. Махсусан, барои миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистони азиз Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, шароити сулҳу субот ва ҳамбастагию ҳадигарфаҳмиро фароҳам оварда, давлату миллати тоҷикро аз вартаи парешонию нобудӣ наҷот дод.
Аз ин гузашта, Ваҳдати миллӣ бар мо, пеш аз ҳама, оромию субот ва амнияту иттиҳодро чун армуғони беҳтарини зиндагӣ ҳадя намуд. Ба баракати Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола ба хотири истиқболи сазовори он тадорукоти ҷашнӣ мегирем ва ҳамагон дар таҷлили бошукӯҳаш саҳми бевосита мегузорем, Тоҷикистонро якпорча карда, ба кишварҳои дуру наздик ҳамчун кишвари мутамаддин ва ваҳдатофар муаррифӣ намуд.
Маълум аст, ки 27 июни соли 1997 дар таърихи сиёсию иҷтимоӣ ва ватанӣ ба сифати ҳодисаи фаромӯшнашавандаи таърихӣ сабт гардидааст. Дар он рӯз давлати Тоҷикистон ба масири Ваҳдати миллӣ қадам гузошта, сарнавишташро бакуллӣ тағйир дод. Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ, ки панҷ сол идома пайдо карда, ҳаёти зиёда аз 150 ҳазор нафарро ба коми худ даркашид, умеду ормонҳои миллатро барбод дод. Хушбахтона, бо ибтикороту талошҳои пайгиронаву ҳадафмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистон бори дигар ба марҳилаи Ваҳдати миллӣ расида, то имрӯз дар фазои орому амни ваҳдатофаринӣ нафас мекашад.
Маълум аст, ки дастгоҳҳои ҳукуматӣ ва сиёсии онвақтаи минтақа бо аз байн рафтани сиёсати марказӣ ва барҳам хурдани системаи давлатдории Шуравӣ, ба мушкилоти сахти дохилӣ гирифтор шуданд. Азбаски элитаи сиёсии замон истиқлолияти роҳбарӣ ва муҳимтар аз ин, собиқаи идораи равандҳои сиёсию иҷтимоиро надоштанд, дар ҳалли мустақилу мустақими мушкилоти дохилӣ оҷиз монданд. Аз сӯйи дигар, дастандаркорони бозиҳои сиёсии ҷаҳонӣ, аллакай даст ба кор шуда, бо ҳар роҳу васила дар фазои ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ, ки бо шикасти империяи шуравӣ ҳолати карахтиро аз сар мегузарониданд, сенарияи бесарусомонӣ ва бетартибиҳои оммавиро дар шакли намоишномаи сиёсӣ коргардонӣ мекарданд, то низоми шуравӣ батамом аз байн биравад.
Ҳамин тариқа, дар минтақаҳои ҳассоси қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тухми кинаву адоват кошта шуд ва дар ин замина даргириҳо ба вуқуъ пайваст, ки аз он вазъи мавҷуда торафт мураккабтар гардида, бовару эътиқодоти мардум ба ояндаи неки ҷумҳурӣ тадриҷан аз байн рафта, холигии сиёсию мафкуравӣ ва фарҳангӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҳукмфармо гардид. Дар ин миён дастгоҳи давлатӣ ва сохторҳои низомию иқтисодии мамлакат ба буҳронҳои амиқ гирифтор шуда, оқибат фалаҷ шуданд. Ин буд, ки бо як шуъла алангаи оташи низоъу бадбиниҳо баланд гардид ва мамлакат якбора ба гирдбоди ҷанги шаҳрвандӣ печид. Дар натиҷа, аз 5,5 миллион аҳолии онвақтаи кишвар, 150 ҳазор нафар ҳалок гардид. Аз ин гузашта, тақрибан ҳафтяки қисми сокинони он маҷбуран тарки хонаю ватан намуда, ба кишварҳои Афғонистон, Покистон, Россия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил паноҳанда шуданд.
Ба ин тартиб, дар вазъияти ҳассоси сиёсию иҷтимоӣ Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ноябри соли 1992 даъват шуда, ҳукумати қонунӣ рӯйи кор омад, аммо даргириҳо то чанд соли дигар идома ёфтанд. Барои ҳалли муноқишаҳои сиёсӣ ва аз байн бурдани нобоварӣ Ҳукумат дар симои Раиси Шурои Олии вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талоши фаровон варзида, ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва ниҳоят, ваҳдати миллӣ ибтикороти ҷиддӣ рӯйи даст гирифт. Дар ин замина, музокироти тоҷикон бо ризоияту тавофуқи масъулини тарафҳои муқобил аз 5 апрели соли 1994 шуруъ гардида, то 27 июни соли 1997 бо баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ анҷом ёфт. Дар муддати қариб 40 моҳи гуфтушунидҳо, дар 8 давр 44 санади муҳим ба имзо расид, ки дар маҷмуъ, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷомеаи ба фоҷеа гирифторшударо фаро мегирифт. Аз рӯйи тартиби муқаррароти баҳсу муноқишоти сиёсӣ, дар раванди гуфтушуниди байни тоҷикон муҳайё сохтани шароити моддию маънавӣ ва идеявию фарҳангӣ ҳукми зарурат маҳсуб меёфт ва дар ин амр ёрию дастгириҳои хайрхоҳонаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мисли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон, монанди Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Исломии Эрон, Покистон, Афғонистон, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон назаррас буда, фаъолияти беғаразонаи созмонҳои марбута ба муваффақона анҷом пазируфтани муколимоти тарафайн ва саранҷом, ба вуҷуд омадани фазои ваҳдати миллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам овард. Ҳамин тариқ, дар вазъияти ҳассоси сиёсии кишвари мо маҳз ваҳдати миллӣ умеди суботи ҳаёти сиёсиро ба вуҷуд овард ва дар партави ин падида низоъҳои хашин ва бадбинию бадгумониҳои чандинсола аз байн рафт.
Аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, инак, 29 сол сипарӣ мешавад ва чун анъана ҳар сол санаи мубораки 27 июн бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. То имрӯз ҷомеаи тоҷик ба баракати Ваҳдати миллӣ дар зери осмони софи ҳамбастагию ҳамгиройӣ ва суботу амнияти комили сиёсию иҷтимоӣ зиндагӣ карда истодааст. Ба ин маъно, Ваҳдати миллӣ рамзи асосии ҳамбастагию иттиҳоди миллию мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мо-мардуми шарифи Тоҷикистон ба баракати Ваҳдати миллӣ дар фазои амну суботи комил ба сар мебарем ва ҳар чи ки аз пешрафту шукуфоӣ дорем, ҳамагӣ аз лутфу баракати Ваҳдат аст. Пас, муваззафем, ки вадатро ҳифз кунем ва чуноне ки Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии миллиро аз даст надода, дар рушду шукуфоии Ватан, кишвар ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми муносиб бигузорем.
29-умин солгарди Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони гиромӣ!
Аҳдия Ҷалолиддинзода
Директори МД “Китобхонаи муосири Пойтахт”